Май 23, 2020 19:58 Asia/Dushanbe
  • Талоши Русия барои ҷилавгирӣ аз тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон

Русия таъкид кард: Ҳамаи иқдомоти лозимро барои ҷилавгирӣ аз тамдиди таҳрими таслиҳотӣ алайҳи Эрон пас аз 18 октябри 2020 анҷом хоҳад дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Новости, Сергей Риябков- муовини вазири умури хориҷаи Русия гуфт: Дастуруламали кунунӣ дар заминаи содироти силоҳ ба Эрон, идомаи як режими муҳосираи таслиҳотӣ алайҳ Эрон аст, ки қабл аз тасвиби қатъномаи 2231 дар Шурои амният вуҷуд доштааст.

Муовини вазири умури хориҷаи Русия афзуд: Ман тасаввур намекунам, ки баъд аз 18 октябри соли 2020, ҳеҷ режими маҳдудкунандае дар заминаи содироти силоҳ ба Эрон, тибқи ҳафт дастабандии Созмони Миллали Муттаҳид аз таслиҳоти мутаориф, вуҷуд дошта бошад.

Бар асоси қатъномаи рақами 2231-и Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид, дар таърихи 18 октябри соли 2020, таҳрими таслиҳотӣ ё режими хос иҷозатнома барои ирсоли силоҳҳои мутаориф ба Эрон сипарӣ хоҳад шуд.

Ба рағми хуруҷи якҷониба ва ғайриқонунии Амрико аз тавофуқи БАРҶОМ, Майк Помео- вазири умури хориҷаи ин кишвар бо ин иддао, ки Вашингтон ҳамчунон яке аз мушорикаткунандагон дар ин тавофуқ буда, ба думболи фишор бар Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотӣ алайҳи Теҳрон аст.