Май 26, 2020 09:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Чин ба Амрико дар бораи заиф шудани суботи ҷаҳонӣ

Давлати Чин ба Амрико ҳушдор дод суботи роҳбурдии ҷаҳониро заиф накунад ва дар ин масир беш аз ин пеш наравад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин субҳи имрӯз (сешанбе) дар Пекин аз Амрико хост ба усул ва аҳдофи «Паймони манъи ҳамаҷонибаи озмоиши ҳастаӣ» пойбанд бошад ва иқдомоте, ки кумак ба халъи силоҳи ҳастаии ҷаҳонӣ ва ҳамчунин дифоъ аз сомонаи манъи густариши он мешавад  дар пеш гирад.

Ҷао Ли Ҷиян бо баёни ин ки Амрико дар миёни кишварҳои дорои силоҳҳои ҳастаӣ бештарин маротибаи озмоиши ҳастаиро доштааст, гуфт: Агар чи ин паймон ҳануз иҷроӣ нашуда, аммо манъи озмоиши ҳастаӣ, дигар ба як ҳанҷори байналмиллалӣ табдил шудааст.

Гузоришҳо аз он ҳикоят дорад, ки рӯзномаи Вашингтон-Пост чанд рӯз пеш навишта буд, мақомоти амнияти миллии Амрико дар бораи эҳтимоли аз саргирии озмоиши ҳастаӣ сухан гуфтаанд.