Аз ҳар панҷ англис як нафар вируси коронаро “тавтеаи яҳудиён” медонад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54029-Аз_ҳар_панҷ_англис_як_нафар_вируси_коронаро_тавтеаи_яҳудиён_медонад
Аз ҳар панҷ англис як нафар бар ин бовар аст, ки яҳудиён коронаро барои нобудӣ ва фурӯпошии иқтисодӣ ба манзури касби дастоварди молӣ эҷод карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 27, 2020 18:34 Asia/Dushanbe
  • Аз ҳар панҷ англис як нафар вируси коронаро “тавтеаи яҳудиён” медонад

Аз ҳар панҷ англис як нафар бар ин бовар аст, ки яҳудиён коронаро барои нобудӣ ва фурӯпошии иқтисодӣ ба манзури касби дастоварди молӣ эҷод карданд.

Ба гузориши ИСНА, бар асоси таҳқиқи ҷадиди суратгирифта аз сӯи муҳаққиқони Донишгоҳи Оксфорд, ин ёфтаҳо бахше аз назарсанҷии густурдатаре бо рӯйкардҳои марбут ба ин вирус ва иқдомоти анҷомшуда барои ҷилавгирӣ аз густариши он ба даст омада, ки мушаххас карда, як беэътимодии густурда ва амиқ дар бораи тавсияҳои расмии марбут ба ин вирус дар байни мардум вуҷуд дорад.

Даниэл  Фриман, мудири ин мутолиот ба “Ерусалим – пост” гуфт: “Ҳар қадр, ки қарантина афзоиш ёбад, нишонаҳое аз боварҳои тавтеа дар миёни мардум ҳам бештар шакл мегирад. Дар Англия ҳатто дакалҳои телефони ҳамроҳро бобати иртиботаш бо ақидаи тавтеаи коронавирус ба оташ кашидаанд. Мо бештар алоқаманд будем бубинем, ки оё эътиқодоти тавтеа мунҷар ба беэътиноии мардум ба иқдомоти муҳими беҳдошти умумӣ барои коҳиши ин эпидемия шудааст”.

“Тавзеҳот, нигаришҳо ва ривоятҳо дар бораи коронавирус Оксфорд” рӯзи ҷумъа мунташир шуд ва 2500 бузургсолро, ки намояндаи ҷомеаи Англия ҳастанд, бар асоси син, ҷинсият, минтақа ва даромаду рӯйкардашон дар бораи ривоятҳои давлат аз коронавирус ва муртабит бо теорияҳои тавтеа байни чаҳорум то 11 май мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳамон тавр, ки дар ин баррасӣ омада, ширкаткунандагон ба суолоте дар бораи коронавирус, теорияҳои куллии тавтеа дар бораи маншаъ ва густариши ин вирус ва вокуниши давлат посух гуфтанд.

5.3 дарсад аз ширкаткунандагон бо идеяи “яҳудиён вирусро барои фурӯпошии иқтисод ба манзури баҳрамандии молӣ густариш доданд” каме мувофиқ буданд. 6.8 дарсад ба сурати миёна мувофиқ буданд. 4.6 дарсад бисёр мувофиқ буданд ва 2.4 дарсад комилан мувофиқ буданд, дар ҳоле ки 80.8 дарсад аслан ва ба ҳеҷ ваҷҳ бо он мувофиқ набуданд.

Оморҳои мушобеҳ дар бораи теорияҳои тавтеа дар миёни соири гурӯҳҳо ин тавр буд: Дар ҳоле ки 80.1 дарсад аз ширкаткунандагон напазируфтанд, ки “мусулмонҳо барои ҳамла ба арзишҳои ғарбӣ ин вирусро эҷод карданд”, 19.9 дарсад то ҳудуде мувофиқ буданд, ки шомили 2.4 дарсад мешавад, ки ба таври комил мувофиқ буданд.