Май 28, 2020 10:29 Asia/Dushanbe
  • Таркиши бомб дар Идлиби Сурия ҳамзамон бо убури корвони низомии Туркия

Як хабаргузории тукр аз таркиши як бомб дар канори ҷода воқеъ дар Идлиби Сурия ва ҳангоми убури корвони низомии Туркия хабар дод.

Ба гузориши радиои бурнмарзии Садои Хуросон , Туркия рӯзи чоршанбе гузориш дод, таркиши бомби коргузошташуда дар минтақаи Идлиб воқеъ дар шимол ғарби Сурия ҳамзамон бо убури корвони низомии Туркия буда  ва боиси маҷруҳ шудани теъдоде аз сарбозон ва афсарони низомии Туркия шудааст.

Хабаргузории Туркия мудаӣ шуда ,ки ин таркиш , таҷҳизот ва неруҳои низомии Туркияро ҳадаф қарор додааст.

Артиши Сурия беш аз се моҳ аст ,ки амалиёти поксозии устони Идлиб аз вуҷуди терорристҳоро оғоз карда, аммо Туркия ,ки мухолифи ин иқдом аст , ба баҳонаи мубориза бо терорризми бахше аз хоки Сурияро ишғол кардааст.

Таҷовузи артиши Туркия ба шимоли Сурия бо маҳкумияти мардум ва давлати ин кишвар ҳамчунин ҷомиъаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст, вале Анқара ахиран идомаи ин амалиёти низомиро мантиқӣ надонистааст.