Трамп хитоб ба муътаризони амрикоӣ: Ҳадафи тирандозии артиш қарор хоҳед гирифт
Раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа муътаризон ба қатли як сиёҳпӯстро дар шаҳри Миннеаполиси иёлати Миннасоте авбош донист ва таҳдид кард, ҳадафи тирандозии нерӯҳои полис ва артиш қарор хоҳанд гирифт.
Ба гузориши ИРНА, Трамп дар твитти дигаре навишт, ки наметавонад танҳо низорагари рухдодҳои шаҳри Миннеаполис бошад.
Вай ҳамчунин муътаризонро таҳдид ба тирандозӣ аз сӯи полис ва артиш кард.
Шабакаи иҷтимоии Твиттер паёми нахусти Трампро, ки пас аз эътирози густурдаи ношӣ аз кушта шудани сиёҳпӯсте ба номи Ҷорҷ Флуед бар асари хушунати беш аз андозаи маъмурони полис пас аз дастгир шудани вай мунташир кард, ноқизи муқаррароти ин шабака дар бораи тарвиҷу ташвиқ накардани хушунат донистааст.
Трамп рӯзи панҷшанбе дар паёми дигаре аз кушта шудани Ҷорҷ Флуед дар ҳангоми боздошт тавассути нерӯҳои полиси Миннеаполис ба шиддат ибрози таассуф карда буд. Дар ҳоле, ки Трамп пеш аз ин дар мавриди хушунати сафедпӯстон алайҳи рангинпӯстон ё аз полис дифоъ ва ҳимоят ва дар ғайри ин сурат сукут ихтиёр мекард.