Июл 23, 2016 14:42 Asia/Dushanbe
  • Фирори пайравони ДИИШ аз шарқи Сурия

Амалиёти артиши Сурия дар шарқи ин кишвар шумори зиёде аз пайравони гурӯҳи террористии ДИИШ-ро аз ин минтақа маҷбур ба фирор кардааст.

Ба иттилои хабаргузории "ал-Аҳд"-и Лубнон, дар натиҷаи амалиёти рӯзи ҷумъаи артишу нерӯҳои мардумии Сурия алайҳи маконҳои таҷаммӯи террористҳои ДИИШ дар шаҳри Дайр-уз-зур, дар шарқи ин кишвар шумори зиёде аз такфириҳои ДИИШ аз ин шаҳр гурехтаанд. Артиши Сурия ҳамчунин мавзеъҳои террористҳоро дар шаҳрҳои Ҳалаб ҳадаф қарор дод, ки дар ин амалиёт террористҳо ба талафоту хисороти ҷонию молии зиёд рӯ ба рӯ шуданд. Гузашта аз ин нерӯҳои сурӣ мавозеи террористҳоро дар шимоли Идлиб ва дар шарқи Ҳумс бамборон карданд, ки дар ин амалиётҳо низ шуморе аз террористҳо ба ҳалокат расида, чанд мошини онҳо ҳам аз байн бурда шуд.