Пеш афтодани Арманистон аз Эрон ва Фаронса дар омори корона
Нахуствазири Арманистон гуфт кишвараш дар теъдоди мавориди олудагӣ ба вируси корона ба ҷои ҳар як миллион нафар ҷамъият, аз Эрон ва Фаронса пеш афтодааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНО, Никол Пашиниён рӯзи ҷумъа дар конфронси хабарии рӯзона гуфт: Омори Арманистон наздик ба Русия аст ва дар сурати идома ёфтани ҳамин суръати олудашавӣ ба вируси корона, шумори мубталоёни Арманистон ба омори Италия хоҳад расид.
Нахуствазири Арманистон пешбинӣ кард авзоъи корона дар ин кишвар бадтар хоҳад шуд ва далели он низ риоят нашудани иқдомоти зиддипандемияӣ аст.
Нахуствазири Арманистон дар идома бар се тавсияи аслии истифода аз ниқоби тиббӣ, дзенфиксия кардани дастон ва ҳифзи фосилагирии иҷтимоӣ таъкид кард.
Ба думболи шуйюи вируси корона Арманистон то кунун олуда шудани ҳашт ҳазору 927 нафар, беҳбуди се ҳазору 317 нафар ва ҷон бохтани 127 нафарро таъйид кардааст.