Поп: Будҷаи таслиҳот сарфи муқобила бо корона шавад
(last modified 2020-05-31T04:40:27+00:00 )
Май 31, 2020 09:40 Asia/Dushanbe
  • Поп: Будҷаи таслиҳот сарфи муқобила бо корона шавад

Раҳбари католикҳои ҷаҳон сарфи будҷаи таслиҳотии кишварҳоро барои муқобила бо шуйюи вируси корона хостор шуд.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Рейтерз, поп Франсис- раҳбари католикҳои ҷаҳон, ки пас аз се моҳ рӯзи шанбе дар як маросими мазҳабии умумӣ суханронӣ мекард, хостори кумак ба фақирон ва дурандешии раҳбарони миллӣ дар мубориза бо шуйюи корона шуд.

Поп аз раҳбарони кишварҳо хост  то барои муқобила бо таъсироти корона роҳи ҳалҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии лозимро ба иҷро бигузоранд.

Раҳбари католикҳои ҷаҳон пештар низ хостори ҳамкории илмии байналмиллалӣ барои тавлиди ваксинаи корона шуда ва таъкид карда буд чунин ваксина бояд  дар саросари дунё дар ихтиёри ҳамагон қарор гирад.

Поп дар се моҳи гузашта суханрониҳои умумии худро аз тариқи видеоконфронс ва бидуни ҳузури мардум анҷом медодааст.

Италия, ки Ватикан қароргоҳи поп дар онҷо қарор дорад, беш аз 232 ҳазор мубтало ба КОВИД-19 ва беш аз 33 ҳазор қурбониро сабт кардааст.