Пулиси Амрико ду корманди хабаргузории Рейтерзро бо гулӯла ҳадаф қарор дод
(last modified Sun, 31 May 2020 14:57:54 GMT )
Май 31, 2020 19:57 Asia/Dushanbe
  • Пулиси Амрико ду корманди хабаргузории Рейтерзро бо гулӯла ҳадаф қарор дод

Ташдиди даргириҳо миёни пулиси Амрико ва мӯътаризон дар ин кишвар, дар Вашингтон ба шиллики гулӯлаҳои ҳовии гази фил-фил мунҷар шуд. Ҳамунин ду корманди хабаргузории Рейтерз ҳадафи гулӯлаи пластикии пулиси Амрико қарор гирифтанд.

Ба гузориши MSN, даргириҳо миёни мӯътаризон ва пулис дар атрофи Кохи Сафед ба шиллики гулӯлаҳои ҳовии фил-фил алайҳи мӯътаризон мунҷар шуд.

Ин эътирозот дар Вашингтон ва бавижа дар атрофи Кохи Сафед ба даргирӣ миёни нерӯҳои пулис ва мӯътаризон мунҷар шуд ва мӯътаризон низ дар муқобил, иқдоми ба оташ задани бархе мошинҳо дар ин минтақа ва шикастани шишаҳои мағозаҳо ва фурӯшгоҳҳо карданд.

Мӯътаризон дар шиорҳои худ кушта шудани шаҳрвандони сиёҳпӯст тавассути пулиси Амрикоро шармовар унвон карданд ва хостори таваққуфи куштори сиёҳпӯстони амрикоӣ шуданд.