Июн 01, 2020 12:44 Asia/Dushanbe
  • Таъиди доруи зидди коронаи Русия

Доруи зидди коронаи Русия ба таъиди вазорати тандурустии ин кишвар расид.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, нахустин  доруи  зидди корона дар Русия, ки натиҷаи мусбати он дар озмоишҳои болинӣ ба исбот расидааст ба таъиди расмии вазорати тандурустии ин кишвар расид.

Доруи авифавир, ки дар Русия бар пояи як доруи қавии жопонӣ барои муқобила бо зуком таҳия шудааст, тавонист иҷозатномаи расмии Вазорати  тандурустии Русияро дарёфт кунад.

Ин дору дар ҳоле иҷозатномаи вазорати тандурустиро ба даст овард, ки шумори мубталоён ба КОВИД-19  дар Русия ба 405 ҳазору 843 нафар расидааст.

Ҳамчунин теъдоди ҷонбохтагон дар Русия ба чаҳор ҳазору 693 тан расид.

 

Барчасп