Июн 01, 2020 17:31 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 25 нафар дар даргириҳои Афғонистон

Дастикам 25 нафар дар ҷадидтарин даргириҳо байни неруҳои артиши Афғонистон ва гуруҳи Толибон кушта шуданд.

Ба гузориши радиои бурун марзии Садои Хуросон, Атоуллоҳ Хугиёнӣ сухангӯи волии Нангарҳор дар шарқи Афғонистон имрӯз эълом кард, дар даргириҳои шабонарӯзи гузашта дар шаҳристони Ҳисораки Нангарҳор 19 нафар аз ҷумла 16 узви Толибон ва се нерӯи артиш кушта шуданд.

Хугиёнӣ бо баёни инки даргирӣ дар шаҳристони Ҳисорак бо ҳамлаи гуруҳи Толибон ба посгоҳҳои низомиёни афғон оғоз шуд гуфт: дар ин даргирӣ 10 нафар аз ду тараф захмӣ шуданд. 

Халил Асир сухангӯи полиси Тахор дар шимоли Афғонистон низ эълом кард: субҳи имрӯз душанбе низомиёни афғон бо иҷрои амалиёте, чанд рустои аз тавобеи вилояти Тахорро аз ишғоли гуруҳи Толибон озод карданд. 

Дар ин амалиёт 3 узви Толибон кушта ва 8 нафар аз онҳо захмӣ шуданд.  

Абдушшоиқ Шуриш сухангӯи полиси вилояти Каписо дар шарқи Афғонистон ҳам гуфт: афроди Толибон субҳи имрӯз як афсари полиси роҳнамоӣ ва ронандагиро дар маркази ин вилоят ба зарби гӯлула куштанд. 

Мақомоти вилояти Дойканди Афғонистон ҳам эълом канданд: гуруҳи Толибон ба як посгоҳи низомиёни афғон дар шаҳристони "Каҷрон"-и Дойкандӣ  ҳамла карданд, ки бар асари он ду низомии ин кишвар кушта ва ду низомии дигар захмӣ шуданд.