Ҷорҷ Флоид кӣ буд?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54163-Ҷорҷ_Флоид_кӣ_буд
Тибқи гузоришҳои расонаҳои муътабари ғарбӣ, Ҷорҷ Флоид сиёҳпӯсти америкоӣ, ки қурбони нажодпарастӣ шуд, марде буд, ки барои гузарони зиндагӣ таҷрибаи ду шуғлро дошт: "ронандагӣ ва маъмури ҳифозат аз амнияти ресторан"
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 01, 2020 13:50 Asia/Dushanbe
  • Ҷорҷ Флоид кӣ буд?

Тибқи гузоришҳои расонаҳои муътабари ғарбӣ, Ҷорҷ Флоид сиёҳпӯсти америкоӣ, ки қурбони нажодпарастӣ шуд, марде буд, ки барои гузарони зиндагӣ таҷрибаи ду шуғлро дошт: "ронандагӣ ва маъмури ҳифозат аз амнияти ресторан"

Ба гузориши радиои бурун марзии Садои Хуросон, як шаҳрванди сиёҳпӯсти 46 солаи америкоӣ рӯзи душанбе зери поҳои полиси сафедпӯсти америкоӣ ва дар ҳоле, ки фарёд мезад "наметавонам нафас бикашам" ҷони худро аз даст дод то бори дигар табйизҳо ва хушунатҳои нажодпарастона дар ин кишвар боиси эътирозоти густарда шавад. 

Ҷорс Пери Флоид дар шаҳри "Фойтвил" дар иёлоти Королинаи шимолӣ ба дунё омад ва дар шаҳри "Хюстон"и иёлоти Техас бузург шуд. Ӯ ки ҷуссаи дуруште дошт, дар даврони таҳсил дар дабиристон дар тимҳои варзишии футбол ва баскетбол ситораи тимҳояш буд. 

Флоид ба мусиқӣ алоқа дошт ва муддатеро дар Хюстон дар як гуруҳи мусиқӣ фаолият кард ва номи ҳунарии "Флоиди бузург"-ро барои худаш интихоб кард.

Ӯ дар соли 2014 ба иёлоти Миннесотта омад ва зимни сукунат дар "Санта Луис Парк", ба муддати 5 сол ба унвони маъмури амниятии як ресторан кор кард. 

Тибқи бархе гузоришҳо, Флоид дар замони кушта шуданаш тавассути "Дарк Чаовин" маъмури полиси сафедпӯсти Миннеаполис ба хотири шуюи корона, чанд вақт буд, ки бекор шуда буд. 

Ҷорс Флоид чанд сол қабл барои ёфтани шуғл ба Миннеаполис дар иёлоти Миннесотта омада буд ва як духтари 6 сола дорад, ки дар Хюстон бо "Рокси Вашингтон" модараш зиндагӣ мекунад. 

Рокси Вашингтон дар тавсифи шавҳари собиқи худ ӯро "падари хуб барои духтараш" тавсиф мекунад. 

Тибқи гузориши Скай Нюз, Ҷорҷ Флоид баъд аз истиқрор дар Миннеаполис дар ду шуғл машғул ба фаолият буд, ронандагии комюн ва маъмури амниятии ресторани "Конго Лотин Пестро " (мутааллиқ ба лотинтаборҳо).

"Ҷесси Зандёс" яке аз муштариёни ресторан дар матлаби Фейсбук ба тамҷид аз Ҷорҷ Флоид ва хушрафтории ӯ бо муштариён пардохт ва ба некӣ аз ӯ ёд кард.