Баргузории маросими паради ҳавоӣ ба муносибати ҳафтодупанҷумин солгарди пирӯзӣ дар ҶБВ
Июн 03, 2020 17:48 Asia/Dushanbe
Маросими режа ё паради ҳавоӣ ба муносибати ҳафтодупанҷумин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ баргузор мешавад.
Генерал Валентин Поплавский, муовини фармондеҳи минтақаи низомӣ гуфт, ин маросим 24 июн бо ширкати теъдоде болгард, ҳавопаймоҳо ва ҷангандаҳо баргузор хоҳад шуд.
Вай афзуд: ҳавопаймоҳои русӣ аз Қирғизистон ва пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон парвоз мекунанд.
Ин генерал афзуд: Ду болгарди “MI-8” ва чаҳор ҷанганда бар фарози осмони Тоҷикистон парвоз мекунанд.
Генерал Валентин Поплавский, муовинт фармондеҳт минтақат низомӣ афзуд, ҳамчунин се режат низомӣ дар шаҳрҳот Екатеринбург, Новосибирск ва Самара баргузор мешавад.