Боздошти 4400 нафар дар эътирозоти Амрико
Ҳудуди 4400 нафар дар эътирозоти Амрико боздошт шуданд.
Ба гузориши “Форс”, пойгоҳи иттилоърасонии “Ҳил” дар ин хусус гузориш дод, эътирозот ба қатли Флоид аз шаҳри Миннеполис ва Миннесота оғоз шуд ва дар даҳҳо шаҳри дигари саросари Амрико густариш ёфт.
Пас аз марги фаҷеи марди сиёҳпӯсти амрикоӣ бар асари хушунати афсари сафедпӯст, шаҳрҳои мухталифи Амрико ба саҳнаи эътирозоти саросарӣ ба ин рафтори полиси Амрико алайҳи ақаллияти рангинпӯсти ин кишвар табдил шудааст ва ҳамчунон идома дорад.
Тибқи ин гузориш, садҳо нафар дар авоили ҳафтаи ҷорӣ дар Миннасето ва дигар шаҳрҳои Амрико боздошт шуданд ва полис дар шаҳрҳои Вашингтон, Ню-Йорк ва дигар шаҳрҳои муҳими Амрико алайҳи муътаризон аз хушунат истифода кард.
Ба дунболи ташдиди эътирозот дар атрофи Кохи Сафед, горди миллии Амрико дар атрофи Кохи Сафед мустақар шуд ва нерӯҳои хадамоти махфии Амрико низ дар муқобили дарвозаҳои Кохи Сафед бо муътаризон даргир шуданд.
Гузоришҳо ҳамчунин ҳокӣ аз он аст, ки хабарнигори “Ҳофингтонпост” низ дар ҳини пӯшиши эътирозоти ором дар Бруклин боздошт шуд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳамчунон сиёсати истифода аз зӯр ва саркӯби муътаризонро дар рӯзҳои ахир дар пеш гирифтааст ва бо нодида гирифтани хушунат ва рафторҳои табъизомези полиси Амрико, эътирозотро террористӣ хондааст.
Раисҷумҳури Амрико гуфт, ки аз нерӯҳои горди миллӣ хостаам то ба теъдоди кофӣ дар иёлатҳои мухталиф мустақар шаванд. Трамп гуфт, ки нахустин вазифааш ҳимоят ва дифоъ аз мардум ва кишвар буда ва хушунатҳои ахир иқдомоти террористӣ будааст.