Афзоиши 80 дарсадии фурӯши силоҳ дар Амрико ба дунболи эътирозоти саросарӣ
(last modified Wed, 03 Jun 2020 16:19:03 GMT )
Июн 03, 2020 21:19 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 80 дарсадии фурӯши силоҳ дар Амрико ба дунболи эътирозоти саросарӣ

Натиҷаи як баррасӣ нишон медиҳад, фурӯши силоҳ дар Амрико тайи моҳи гузаштаи мелодӣ дар қиёс бо соли гузашта 80 дарсад афзоиш доштааст.

Бо гузашти 8 рӯз аз оғози эътирозот дар Амрико, дар маҳкумияти қатли нажодпарастонаи Ҷорҷ Флоид, шаҳрванди амрикоии сиёҳпӯст тавассути маъмури полиси сафедпӯст, расонаҳо аз афзоиши бесобиқаи фурӯши силоҳ дар ин кишвар хабар доданд.

Дар ҳоле, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба иқдоми низомӣ алайҳи шаҳрвандони амрикоӣ ташвиқ мекунад ва кишвар дар ҳоли ворид шудан ба даври дувуми эҳтимолии шуюъи “Ковид-19” аст, фурӯши силоҳ дар Амрико шоҳиди афзоиши “Бособиқа” будааст.

Ширкати таҳқиқотии “Small arms analytics and forecasting” ахиран хабар дод, ки тайи моҳи май ҳудуди 1.7 қабза силоҳ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фурӯхта шуд.

Тибқи ин гузориш, ин мизон фурӯши силоҳ ва туфанг дар Амрико дар қиёс бо моҳи майи 2019 ҳудуди 80 дарсад афзоиши фурӯшро нишон медиҳад.

Як иқтисоддони аршади ширкати таҳқиқотии “Small arms analytics and forecasting” дар ин бора ба “Вашингтон Таймс” гуфт: “Фурӯши силоҳ ба тарзи бесобиқа афзоиш ёфтааст”.

Ҷеймс Зимерман, молики як фурӯшгоҳи силоҳ дар шаҳри Мисулаи иёлати Монтана аз теъдоди болои амрикоиҳое хабар дода, ки барои аввалин бор ба хариди силоҳ рӯй овардаанд. Вай гуфт, ҳаддиақал ду севуми теъдоди силоҳҳои фурӯхташуда дар 60 рӯзи ахир афроде ҳастанд, ки барои аввалин бор соҳиби силоҳ ва харидори силоҳ шуданд.