Июн 08, 2020 13:33 Asia/Dushanbe
  • Туҳфаи вижаи раиси ҷумҳури Кения барои ихтироъкори кучак

Писари 9 солаи кенияӣ, ки мошини шустушӯи дасти худро дар асри корона ихтироъ кард, муфтахар ба дарёфти туҳфаи вижаи раёсатҷумҳурӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон Пресс, Стефан Вамукута аҳли минтақаи Бунгома (Bungoma) дар ғарби Кения, ҷоизаи мавсум ба Озаландоро барои ихтироаш дарёфт кард.

Василае, ки Вамукута сохта, дорои як педал барои рехтани об ва педали дигаре барои рехтани моеъи дастшӯӣ аст, ки метавон бо фишор додани онҳо бо по ва бидуни дахолати даст, дастҳоро шуст.

Ин васила боис мешавад, ки дастҳо дар ҳангоми шустушӯ ҳеҷгуна тамосе бо ашёи хориҷӣ надошта бошанд ва то ҳадди зиёде аз шуйюи вируси корона ҷилавгирӣ мекунад.

Теъдоди мубталоёни КОВИД-19 дар Кения ба беш аз ду ҳазор нафар ва шумори фавтиҳо ҳам ба 69 нафар расидааст.

 

Барчасп