Июл 14, 2023 17:35 Asia/Dushanbe
  • Поёни барномаҳои сафари Раисӣ аз се кишвари африқоии Кения, Уганда ва Зимбабве
    Поёни барномаҳои сафари Раисӣ аз се кишвари африқоии Кения, Уганда ва Зимбабве

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз поёни барномаҳои сафар ба се кишвари африқоӣ ва имзои 21 санади ҳамкорӣ бо Кения, Уганда ва Зимбабве, Ҳарореро ба мақсади Теҳрон тарк кард.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон пресс”, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз поёни сафари минтақаӣ ба се кишвари қораи Африқо, ки ба даъвати расмии раисони ҷумҳури Кения, Уганда ва Зимбабве анҷом шуд, асри панҷшанбе бо гусели раиси ҷумҳурии Зимбабве, Ҳароре, пойтахти ин кишварро ба мақсади Теҳрон тарк кард.

Раисӣ дар ин сафар илова бар дидору гуфтугӯ бо раисони ҷумҳурии се кишвари Кения, Уганда ва Зимбабве, бо бархе аз туҷҷору фаъолони иқтисодӣ ва донишгоҳӣ низ дидор кард.

 

Барчасп