Июн 09, 2020 19:11 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Толибон бо оғози гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонӣ

Манобеи хабарии Афғонистон аз мавқеияти гурӯҳи Толибон барои оғози музокироти сулҳи байни афғонӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Daily Mail, раҳбарии гурӯҳи Толибон пас аз машварати дохилӣ бо оғози музокироти байни гурӯҳҳои афғон мувофиқат кардааст.

Манобеи дохилии Афғонистон рӯзи душанбе низ ба нақл аз аъзои Толибон эълон карданд, ки ин гурӯҳ Қатарро макони даври нахусти гуфтугӯи сулҳ баргузидаанд.

Сухангӯи шӯрои амнияти миллии Афғонистон рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ эълом кард, ки шумораи зиндониёни озодшудаи Толибон ба се ҳазор нафар расида ва акнун Толибон бояд барои оғози музокироти байни гурӯҳҳои  афғон омода бошанд.