Натиҷаи дардноки ҳамнишинии корона ва буҳрони танҳоӣ дар Британия
Расонаҳои англисӣ ба нақл аз манобеи пизишкии ин кишвар эълом карданд, ки пайкари 700 нафар аз қурбониёни Ковид-19 ба далели танҳо будани онон, чандин рӯз пас аз маргашон ёфт шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзномаи бритониёии Guardian, пайкари ин афрод чандин рӯз пас аз маргашон ба далели интишори бӯи номатбӯъ ёфт шуда ва бархе аз ҷасадҳо низ фасод шудааст.
Майк Осборн, раиси Кумитаи тадқиқоти маргу мирҳо дар Коллеҷи салтанатии Англия дар ин бора гуфтааст: афзоиши танҳоӣ, хусусан миёни солмандон муҷиб шуда, то пайкари бархе аз афрод 7 то 14 рӯз пас аз маргашон пайдо шавад.
Кролин Абруҳам, директори хайрияи Бритониё барои пиронсолони Англия низ гуфтааст: "Пас аз шуюи корона, ҳамвора ин нигарониро доштем, ки солмандон танҳо дар манзили худ аз дунё бираванд ва касе аз марги онҳо бохабар нашавад. Ҳоло бо шуюи корона мушоҳида кардем, ки ин мавзӯ воқеан дар кишвар рух додааст ва ин иттифоқ ҷои таассуф дорад."
Бинобар эъломи пизишкон, ҳанӯз хам афроде вуҷуд доранд, ки дар хонаҳояшон ҷон бохтаанд, бидуни ин, ки касе аз вазъи онон хабар дошта бошад ва эҳтимолан дар рӯзҳои оянда пайкари онон низ пайдо хоҳад шуд.