Июн 10, 2020 18:39 Asia/Dushanbe
  • Идомаи вокунишҳо ба қатли сиёҳпӯсти амрикоӣ

Устоди донишгоҳи Чин дар вокуниш ба қатли Ҷорҷ Флоид, шаҳрванди сиёҳпӯсти амрикоӣ тавассути як афсари сафедпӯст, давлати Амрикоро ноқизи ҳуқуқи башар дар торих донист.

Ёу Ҷида, устоди донишгоҳи Чин дар вокуниш ба ҷиноёти мақомоти амрикоӣ дар ду қарни ахир алайҳи башарият, ба вижа қатли сиёҳпӯсти амрикоӣ ва табъизи нажодӣ алайҳи сиёҳпӯстон гуфт, метавон Амрикоро “қаҳрамон”-и нақзи ҳуқуқи башари таърих номид. Ҷиноёте, ки мақомоти ин кишвар анҷом дода, дар ҳеҷ ҷойи дунё такрор нашудааст, бинобар ин давлат ва сиёсатмадорони амрикоӣ салоҳияти изҳори назар дар бораи “ҳуқуқи башар”- ро надоранд.

Ёу Ҷида дар вокуниш ба саркӯби ҷунбиши зиддинажодпарастӣ дар Амрико афзуд, баррасии корномаи сиёҳи истеъморгарони амрикоии сафедпӯст дар 244 соли гузашта пур аз ҷиноёти зиёд, аз ҷумла куштори сурхпустони бумии Амрико, фурӯши бардаҳои сиёҳ, густариши ҷанги ҷаҳонии дувум, роҳандозии ҷанги сард, ҳимоят аз терроризми давлатӣ, ҳимоят аз режими саҳюнистӣ ва зулм ба миллати Фаластин, дар ҷадидтарин маврид ҳам ҳимоят аз гурӯҳи террористии ДИИШ аст.

Устоди донишгоҳи Чин гуфт, давлати Амрико муртакиби ҷиноёти ҷангии ҷадид зидди башарият дар Ироқ, Афғонистон, Сурия ва Либия ҳам шудааст.

Ҳамчунин Қандил Аббос, устоди сиёсӣ ва равобити байналмилали донишгоҳи Қоид Аъзами Покистон ҳам табъизи нажодиро як суннати қадимӣ дар Амрико тавсиф кард, ки бо қатли Ҷорҷ Флоид бештар намоён шуд.

Устоди донишгоҳи Қоид Аъзами Покистон афзуд, имрӯз беадолатии умумӣ ва нажодпарастӣ ҷомеаи амрикоиҳоро фаро гирифта ва онро метавон дар сиёсатҳои дохилӣ ва байналмилалӣ мушоҳида кард.