Октябр 05, 2016 15:12 Asia/Dushanbe
  • Раъйгирӣ барои таъини дабири куллии Созмони милал

15 узви Шӯрои амнияти Созмони милал дар талош ҳастанд, то барои таъини ҷонишини Бан Ки Мун баунвони дабири кулли Созмони милал, ба як тавофуқи ниҳоӣ бирасанд.

Ба гузориши Ройтер, рӯзи чаҳоршанбе 15 узви Шӯрои амнияти Созмони милал ба сурати маҳрамона раъйгирӣ анҷом хоҳанд дод ва мушаххас хоҳад шуд, ки Антонио Гутеррес, нахуствазири собиқи Португалия ва Комиссари олии Созмони милали муттаҳид барои паноҳҷуён, дабири кулли ҷадиди Созмони милал хоҳад шуд ё мумкин аст, масири вай барои дастёбӣ ба самти дабири кулли Созмони милал бо як ветои аъзои Шӯрои амнияти ин созмон тағйир ёбад .

Антонио Гутеррес дар моҳи июл пирӯзи марҳалаи аввали раъйгирии интихоби дабири кулли ҷадиди Созмони милал дар Шӯрои амният шуд .

Гутеррес дар 3 нишасти гузаштаи Шӯрои амният аз орои муносибе бархурдор шудааст. Дар тозатарин нишасти ин шӯро, вай 12 раъйи мувофиқ ва танҳо 2 раъйи мухолиф дарёфт кардааст .

Пеш аз ин Кристалина Георгиев, аз сӯи кишвари Булғористон барои дабири куллии Созмони милал муаррифӣ шуд .

Дар сурати расидани Георгиев ба ин симмат ӯ табдил ба аввалин дабири кулли зани Созмони милал хоҳад шуд .

5 узви доими Шӯрои амният шомили Англия, Фаронса, Чин, Русия ва Амрико раъйҳои рангини худро ба сандуқ хоҳанд андохт. Ҳар номзаде, ки ҳамроҳ бо орои мухолиф як раъйи рангин низ дарёфт кунад, аз даври ин интихобот хориҷ хоҳад шуд .