Эҳтимоли табодули бештари зиндониён байни Эрон ва Амрико
(last modified 2020-06-11T13:59:22+00:00 )
Июн 11, 2020 18:59 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли табодули бештари зиндониён байни Эрон ва Амрико

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон аз эҳтимоли табодули бештари зиндониён байни Эрон ва Амрико хабар дод.

Сайидаббоси Мӯсавӣ рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симои Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон борҳо омодагии худро барои мубодилаи зиндониёни эронӣ бо амрикоӣ эълом карда буд.

Мӯсавӣ гуфт: Чанд шаҳрванди эронӣ ба далелҳои беасос ва ба сурати ғайриқонунӣ, ба иттиҳоми давр задани таҳримҳои Амрико дар ин кишвар ба гаравгон гирифта шудаанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин ба ҳусни нияти бархе кишварҳо, аз ҷумла сафир ва давлати Швейтсария барои озодии зиндониёни эронии дар банд дар Амрико ишора кард.

 

Барчасп