Захмӣ шудани 12 ғайринизомии афғон дар тирандозии афроди мусаллаҳ
Июн 12, 2020 16:46 Asia/Dushanbe
Дувоздаҳ ғайринизомии афғон дар тирандозии афроди мусаллаҳ дар шимоли Афғонистон захмӣ шуданд.
Халил Асир, сухангӯи полиси вилояти Тахор дар шимоли Афғонистон рӯзи ҷумъа эълом кард, ин 12 ғайринизомии афғон дар тирандозии афроди мусаллаҳ дар шаҳристони Чоҳи оби Тахор захмӣ шуданд.
Дар ҳамин ҳол Аҳмад Ҷовид Муҷаддадӣ, узви Шӯрои вилоятии Бадахшон дар шимолишарқи Афғонистон аз як минаи ҷосозишуда дар шаҳристони Баҳораки ин вилоят ҷон ба дар бурд.
Ин мина қабл аз инфиҷор аз тарафи нерӯҳои амниятии Афғонистон кашф ва хунсо шуд.