Июн 13, 2020 13:19 Asia/Dushanbe
  • Озодии 22 зиндонии дигари давлати Афғонистон аз тарафи

Гурӯҳи "Толибон" 22 зиндонии дигари давлати Афғонистонро озод кард.

Ин 22 нафар аз низомиёни Афғонистон ҳастанд, ки дар се вилояти ин кишвар озод шуданд.

Ба ҷузъиёти бештари озодии ин 22 нафар ишора нашудааст.

Масъулини маҳаллии вилояти Ғазнӣ дар шарқи Афғонистон эълом карданд, 54 нафар аз низомиён ва кормандони ғайринизомии Афғонистон, аз зиндони гурӯҳи "Толибон" дар вилояти Ғазнӣ дар шарқи Афғонистон озод шуданд.

Гурӯҳи "Толибон" рӯзи панҷшанбе низ ҳашт зиндонии давлати Афғонистонро дар вилояти Зобул озод кард.