Саркуби эътирозот; Монанди буридани равғани маска бо корд
(last modified Sat, 13 Jun 2020 13:19:27 GMT )
Июн 13, 2020 18:19 Asia/Dushanbe

Раиси ҷумҳури Амрико муътаризони шаҳри Сиэттл иёлати Вашингтонро террорист хонд ва таҳдид кард, ки неруи муҳофизати миллӣ "монанди буридани равғани маска бо корд", онҳоро саркуб мекунад.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон, раиси ҷумҳури Амрико дар ҳисоби Твиттери худ навишт: Либералдемократҳо намефҳманд, ки террористҳо шаҳрҳои ин кишварро ғорат мекунанд ва оташ мезананд.

Трамп ҳамчунин Сиэттлро ба сафарбар кардани  неруи низомӣ ва саркуби эътирозот таҳдид кард, аммо шаҳрдори Сиэттл эълом кардааст тасмими Трамп барои сафарбар кардани  неруи низомӣ ба ин шаҳр, ғайриқонунӣ ва хилофи қонуни асосии Амрико аст.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа ҳамчунин дар гуфтугӯе бо шабакаи хабарии Факс-Ниюз гуфт: Истифодаи полис аз техники фишор бар гардан ба мавқеият бастагӣ дорад ва гоҳе лозим аст.