Ирсоли дубораи кӯмакҳои пизишкии Ҳиндустон ба Тоҷикистон
(last modified 2020-06-15T13:28:26+00:00 )
Июн 15, 2020 18:28 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли дубораи кӯмакҳои пизишкии Ҳиндустон ба Тоҷикистон

Ҳиндустон дубора ба Тоҷикистон кӯмакҳои пизишкӣ ирсол кард.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз Азия плюс, Виража Сингҳ сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон маҳмулаи таҷҳизоти пизишкиро ба Соҳибҷон Зайдуллоев, муовини сардори Раёсати Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон таҳвил дод.

Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт: аз аввали моҳи майи соли 2020, давлати Ҳиндустон ҳудуди 14 тонна лавозими пизишкиро, аз ҷумла дору ва соири таҷҳизоти пизишкии вижаи муқобила бо бемории корона ба Тоҷикистон ирсол кардааст.

Ин кӯмакҳои пизишкӣ бо парвозҳои вижае, ки барои бозгашти атбои тоҷик аз Ҳиндустон ба кишварашон дар назар гирифта шуда буд, ба ин кишвар мунтақил шуд.