Июн 15, 2020 18:44 Asia/Dushanbe
  • Дархости расмӣ барои ташкили ҷаласаи фаврии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ

"Гурӯҳи Африқо" дар Созмони милал барои ташкили ҷаласаи фаврии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дархости расмӣ карданд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, гурӯҳи Африқо дар Созмони милалли Муттаҳид бо ироаи пешниҳоди расмӣ ба Раиси  Шӯрои ҳуқуқи башар, баргузории нишасти фаврии Шӯро барои баррасии мавзӯи ташдиди систематики нажодпарастӣ алайҳи сиёҳон ва рангинпустон дар Амрикоро хостор шуданд.

Дар пешниҳоди "Гурӯҳи Африқо", ҳодисаи таасуфи бори қатли Ҷорҷ Флойд дар Миниополиси Амрико ва эътирозҳоии густарда дар саросари дунё бар зидди зулм ва бераҳмии амрикоиёни африқоӣ ҳамарӯза дар бисёр қисматҳои ҷаҳон рӯ ба рӯ мешаванд.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои ҳуқуқи инсон, аъзои шӯро дар бораи баргузории ҷаласаи фавқулодда тасмим хоҳанд гирифт.

Шӯрои ҳуқуқи башар аз ибтидои таъсис то кунун 4 ҷаласаи фаврӣ баргузор кардааст, ки ҳар чор мавриди он марбут ба таҳаввулоти ҳуқуқи башарӣ дар Ховари миёна будааст. Дар сурати баргузории нишаст дархости "Гурӯҳи Африқо", барои нахустин бор аст, ки чунин нишасте барои баррасии вазъияти ҳуқуқи башар дар яке аз кишварҳои ғарбӣ ва ба таври хоси Амрико баргузор мешавад.