Миллиардери яҳудӣ Трампро ҳамин тавр харидааст
Аделсон як миллиардери яҳудист, ки ҳар он чи аз Трамп дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ ва душманӣ бо Эрон хостааст, ба даст овардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи минтақавии Ал-Қудс Ал-Арабӣ гузориш додааст, ки Шелдон Аделсон, миллиардер, яҳудӣ-амрикоӣ ва ҳамсари ӯ, ки бузургтарин ҳомиёни молии корзори интихоботии Трамп ва Ҳизби ҷумҳурихоҳ ҳастанд, ба ивази розигии Раисҷумҳури Амрико бо тарҳи замима кардани Коронаи Бохтарӣ ба режими саҳюнистӣ 200 миллион доллар ба ӯ медиҳанд.
Ал-қудс ал-Араби навишт: бар асоси гузоришҳо, Аделсон ин рӯзҳо бисёр бо Трамп гуфтугӯ мекунад, зеро нигарон аст, ки Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ моҳи ноябри ояндаи Амрико рай наёварад.
Вай соҳиби имтиёзи рӯзномаи исроилии Ҳойм низ ҳаст ва маҷаллаи Форис, Аделсонро бо сарвати болиғ бар 40 миллиард доллар ҳаштумин сарватманди дунё медонад.
Ба навиштаи Ал-Қудс ал-Арабӣ Аделсон ҳар он чи мехостааст, аз пора кардани тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон гирифта бо интиқоли сафорати Амрико ба Қудси ишғолӣ, қатъи кӯмак ба фаластиниҳо ва ба расмият шинохтани илҳоқи Голани ишғолшуда, ҳамаро аз Трамп гирифтааст.