Эъломи омодагии Ғано барои пазириши сиёҳпӯстони амрикоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54600-Эъломи_омодагии_Ғано_барои_пазириши_сиёҳпӯстони_амрикоӣ
Вазорати гардишгарии Ғано (Гана) бо ишора ба нажодпарастии ниҳодинашуда дар Амрико, аз сиёҳпӯстони амрикоӣ даъват кард, ба кишвари Ғано муҳоҷират кунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 17, 2020 21:17 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Ғано барои пазириши сиёҳпӯстони амрикоӣ

Вазорати гардишгарии Ғано (Гана) бо ишора ба нажодпарастии ниҳодинашуда дар Амрико, аз сиёҳпӯстони амрикоӣ даъват кард, ба кишвари Ғано муҳоҷират кунанд.

Вазорати гардишгарии Ғано рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе хитоб ба сиёҳпӯстони амрикоӣ эълом кард, аз ҳамаи бародарон ва хоҳаронамон дар Амрико даъват мекунем, ба Ғано биёянд. Зеро ки Ғано ва Африқо хонаи шумо аст.

Давлати Ғано ахиран бинои ёдбуде барои Ҷорҷ Флоид, шаҳрванди сиёҳпӯсти амрикоӣ таъсис ва тайи маросиме, аз он рӯнамоӣ кардааст.

Қатли Ҷорҷ Флоид, шаҳрванди сиёҳпӯсти амрикоӣ ба дасти полиси ин кишвар на танҳо дар шаҳрҳои мухталифи Амрико, балки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишвари африқоии Ғано маҳкум шудааст.

Як афсари сафедпӯсти полиси Амрико душанбеи 25 маё Ҷорҷ Флоид, шаҳрванди сиёҳпӯсти амрикоиро дар шаҳри Миннеполис, дар иёлати Миннесотта ба қатл расонд.

Ин ҷиноят хашми мардуми Амрикоро дар пай доштааст ва эътирози мардум дар шаҳрҳои Амрико идома дорад.