"Поёни бардадорӣ" миллионҳо амрикоиро ба хиёбонҳо кашонд
Миллионҳо тан дар саросари Амрико дар тазоҳуроти 150-умин соли поёни бардадорӣ ширкат карданд.
Ба нақл аз ИСНА, ин таҷаммӯъ ба поёни бардадорӣ дар Амрико, дар таърихи 19 июни 1865 муртабит аст. Дар он рӯз генерал Гордон Гренгер аз артиши иёлати муттаҳидшуда ба гурӯҳе аз бардаҳои сиёҳпӯст дар Галвестони Техас гуфт, ки ҷанги дохилии 1861 - 1865 поён ёфта ва онҳо бар асоси эъломияи 1863-и Авраам Линколн, раисҷумҳури вақти Амрико озод ҳастанд.
Бузургтарин таҷаммӯъҳо дар хиёбонҳои Чикаго, Окланд, Ню-Йорк, Вашингтон, Сиэтл, Сан-Франсиско ва дигар шаҳрҳо дида шуд.
Мардум шиори "Адолат акнун, "Қудрати мардум" ва "Ҷорҷ Флойд" сар медоданд.
Мӯътаризон ҳамчунин тасовир ва банерҳое бо тасовири Ҷорҷ Флойд дар даст доштанд.