Июн 21, 2020 09:25 Asia/Dushanbe
  • Дипломатҳои амрикоӣ дар Кобул ба КОВИД-19 мубтало шуданд

Вазорати умури хориҷаи Амрико эълом кард: 20 тан аз дипломатҳо, корфармоён ва кормандони маҳаллии сафорати ин кишвар дар Кобул ба корона мубтало шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Дойчавелеи Олмон, як дипломати амрикоӣ эълом кард, бо вуҷуди ин ки ҳамаи тадбирҳои амнияти беҳдоштии коркунони сафорати Амрико дар Кобул фароҳам будааст боз ҳам озмоиши коронаи гурӯҳе аз онҳо, ки теъдодашон ба 20 тан мерасад мусбат шуда ва онон таҳти муроқибатҳои вижаи беҳдоштӣ қарор гирифтанд.

Пеш аз ин теъдоде аз неруҳои амрикоии мустақар дар пойгоҳҳои Созмони Атлантики шимолӣ (НАТО) ва пойгоҳҳои низомии ихтисосии Амрико дар  Афғонистон низ ба корона мубтало шуда буданд.

Вазорати беҳдошти Афғонистон рӯзи шанбе эълом кард: Бо шиносоии 546 мавриди нави КОВИД-19 дар 24 соати гузашта, шумори беморон дар ин кишвар ба 28 ҳазору 424 нафар афзоиш ёфт.