Интиқоди намояндаи мусалмони Конгресси Амрико аз Трамп
(last modified Sun, 21 Jun 2020 11:38:24 GMT )
Июн 21, 2020 16:38 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди намояндаи мусалмони Конгресси Амрико аз Трамп

Намояндаи мусалмони Конгресси Амрико бори дигар сиёсатҳои раисҷумҳури ин кишварро дар назорати бемории коронавирус ва эътирозоти зиддинажодпарастӣ дар ин кишвар зеори суол бурд.

Илҳон Умар, намояндаи мусалмони Конгресси Амрико дар як паёми твиттерӣ аз амалкарди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар назорати бемории  коронавирус ва эътирозоти зидди нажодпарастӣ интиқод кард ва навишт, ӯ наметавонад ин кишварро идора кунад.

Коронавирус аз моҳи март дар Амрико хурӯҷ кардаву дар ҳоли ҳозир ҷони беш аз 120 000 амрикоиро гирифта ва беш аз 2 миллиону 330 ҳазор танро мубталот кардааст.

Бӯҳрони иқтисодии ношӣ аз коронавирус яз як тараф  ва нажодпарастӣ ва хушунати пулиси Амрико алайҳи рангинпӯстон аз сӯи дигар, мӯҷиби оғози мавҷи эътирозоти саросарӣ дар ин кишвар шудааст.