Июн 22, 2020 09:08 Asia/Dushanbe
  • Мушовири собиқи Трамп: Аз Бойден ҳимоят мекунам

Мушовири амнияти миллии собиқи Кохи Сафед эълом кард: Дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2020 аз Ҷо Бойден- номзади демократҳо ҳимоят хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Ҳил, Ҷон Болтон- мушовири амнияти миллии собиқи Кохи Сафед дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Дейли-Телеграф таъкид кард ба унвони касе, ки пушти саҳнаи раёсатҷумҳурии Трампро дида, маҷбур аст аз рақиби вай яъне Ҷо Бойден дар интихоботи ноябри 2020 ҳимоят кунад.

Болтон зимни ибрози нигаронӣ аз вазъияти Амрико афзуд: Ман ба хотири Ҳиллари Клинтон дар интихоботи 2016 ба Трамп овоз додам. Алон ин раиси ҷумҳурро аз наздик дидаам ва наметавонам дубора аз вай ҳимоят кунам.

Болтон, Трампро ба надоштани ҳеҷгуна стратегия муттаҳам кард ва гуфт: Раиси ҷумҳури феълии Амрико фарқи байни манофеи миллӣ ва манофеи Трампро намедонад.

Доналд Трамп, ки аз замони барканории Болтон ҳамвора аз вай интиқод кардааст ахиран дар як паёми твиттерӣ дар вокуниш ба китоби вай, ки қарор аст ба зудӣ мунташир шавад навишт: Болтон бо интишори иттилооти маҳрамона (дар ҳаҷми васеъ) қонунро поймолсозӣ  кардааст ва бояд баҳои бисёр сангине барои ин кор бипардозад.

Китоби Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии собиқи Кохи Сафед дар бораи даврони ҳузураш дар давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки қарор аст ба зудӣ мунташир шавад, ин рӯзҳо сару садои зиёде ба роҳ андохтааст.