Июн 23, 2020 10:06 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии фонди хайрия барои кумак ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав

Фонди хайрия барои кумак ба шаҳрвандони хориҷии бебизоат дар Маскав роҳандозӣ шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Фарғона, фонди кумаки муҳоҷирон бо номи "Хонаи наздик" бо ҳадафи кумак ба шаҳрвандони хориҷие, ки тавоноии молӣ барои дармон ва муроҷиа ба пизишк надоранд, эҷод шудааст.

Бар асоси тасмимҳои масъулони фонди  хайрияи кумаки муҳоҷирон, тамомии аъмоли пизишкӣ монанди ҷарроҳӣ ва озмоиш барои муҳоҷирон, паноҳандагон, ашхоси бидуни шаҳрвандӣ ва донишҷӯёни хориҷии сокини Маскав, ки шароити молӣ надоранд роягон хоҳад буд.  

Ҳамчунин аз тариқи ин фонди хайрия пӯшок, маводи ғизоӣ ва маҳсулоти беҳдоштӣ  дар байни шаҳрвандони бебизоат тавзеъ хоҳад шуд.

Илова бар ин, фонди кумаки муҳоҷирон бо номи "Хонаи наздик" иҷораи маскани занони бесарпарастро бо таваҷҷуҳ ба шароити молии онҳо аз 6 моҳ ё бештар мепардозад.

Фонди кумаки муҳоҷирон бо номи "Хонаи наздик" оз моҳи июл кори худро оғоз мекунад.