Боздошти чаҳор нафар дар Туркия ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Фаронса
(last modified Tue, 23 Jun 2020 09:37:53 GMT )
Июн 23, 2020 14:37 Asia/Dushanbe
  • Боздошти чаҳор нафар дар Туркия ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Фаронса

Манобеи хабарӣ аз боздошти чаҳор нафар дар Туркия ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Фаронса хабар доданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, рӯзномаи Дейли-Саббоҳ чопи Туркия навишт: Ин чаҳор нафар барои консулгарии Фаронса дар Истанбул ҷосусӣ мекарданд ва иттилооти ҷамъоваришударо дар ихтиёри ин ниҳод қарор медоданд.

Ин иқдом пас аз он рӯй медиҳад, ки  Эманоел Макрон- раиси ҷумҳури Фаронса дирӯз душанбе пас аз дидор бо Қайс бин Саид, ҳамтои тунисии худ дар Париж гуфт: Туркия бозии хатарнокеро дар Либия оғоз карда, ки ғайри қобили таҳаммул аст.

Таниш миёни Париж ва Анқара дар ҳоле шиддат  гирифта, ки давлати Туркия дар канори Қатар, Италия ва Созмони Миллал ҳомии  Давлати вифоқи миллии Либия ба раёсати Фоиз Ал-Сироҷ аст ва Фаронса низ муттаҳиди Миср, Русия, Аморот ва Арабистон дар ҳимоят аз генерал Халифа Ҳафтар- фармондеҳи неруҳои мавсум ба артиши шарқи Либия аст.