Подтани мавҷуд дар бадани беҳбудёфтагон аз коронавирус ба суръат уфт мекунад
Натоиҷи тадқиқоте, ки дар Чин анҷом шудааст нишон медиҳад сатҳи подтани мавҷуд дар бадани афроде, ки ба корона мубтало шуда ва беҳбуд меёбанд ба суръат коҳиш пайдо мекунад.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, натоиҷи як тадқиқот нишон медиҳад сатҳи подтани мавҷуд дар бадани афроде, ки ба бемории Ковид-19 мубтало шуда ва аз он беҳбуд меёбанд, зарфи ду ё се моҳ баъд аз уфунати аввалия ба суръат коҳиш пайдо мекунад.
Натиҷаҳои таҳқиқоте, ки дар Хитой гузаронида шудааст, ба тардидҳо дар бораи муддати замони бехатари ёфтан дар баробари ин беморӣ пас аз сироят доман мезанад.
Муҳаққиқон дар ин мақола, ки дар нашрияи Nature Medicine ба чоп расидааст, таъкид кардаанд, ёфтаҳои онҳо зарурати идомаи сиёсатҳои фосилагузории иҷтимоиро мавриди таъкид қарор медиҳад.
Дар ин таҳқиқ, ки бар рӯи 37 бемори бидуни аломат ва 37 бемори аломатдор анҷом шуд, мушаххас шуд мизони подтани IgG дар 90 дар сад аз озмуданиҳое, ки дар бадани онҳо ин подтан вуҷуд дошта, зарфи ду то се моҳ ба суръат рӯ ба коҳиш гузоштааст. IgG яке аз аслитарин анвои подтанҳое аст, ки баъд аз ибтило ба уфунати корона дар бадани беморон иҷод мешавад.
Шохиси миёна барои коҳиши подтан ҳам дар бадани беморони аломатдор ва ҳам дар бадани беморони фоқиди аломат, дар ин тадқиқот 70 дар сад гузориш шудааст.
Ин тадқиқот тавассути муҳаққиқони донишгоҳ "Чангкинг" анҷом шуда, ки зери назари "маркази пешгирӣ ва назорати бемориҳои Чин" фаъолият мекунад.
"Ҷин Донг Ян, профессори вирусологияи Донишгоҳи Ҳонконг гуфт, ки таҳқиқот эҳтимоли ин, ки соири бахшҳои системи именӣ барои иҷоди именӣ дар бадани фарди бемор даст ба кор шавандро нафе намекунад.