Июн 25, 2020 10:13 Asia/Dushanbe
  • Баргузории канфронси байналмилаллии Тақвияти ҳамкориҳои минтақаии Осиёи миёна

Канфронси байналмилаллии Тақвияти ҳамкориҳои минтақаии Осиёи миёна баргузор шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , ин нишаст аз тарафи маркази минтақаии Созмони Милалл барои дипламатии пешгирона дар Осиёи миёна созмондиҳи шуда буд.

Дар ин нишаст Наталия Герман намояндаи вижаи Дабири кул барои Осиёи миёна ва раиси маркази минтақаии Созмони Милалл барои дипламатии пешгирона барои Осиёи миёна, Владимир Нуров Дабири кули Созмони Ҳамкориҳои Шанхай , раисон ва коршиносони муасисоти таҳқиқоти роҳбурдии кишварҳои Осиёи миёна ва ҳамчунин раисони маъмуриятҳои дипламатии кишварҳои Осиёи миёна ширкат доштанд.

Ширкаткунандагон дар ин гуфтумони байналмилаллӣ , дар ин замина иттифоқи назар доштанд ,ки имрӯза ваҳдат ва инсиҷом дар ин минтақа ба таври қобили таваҷуҳе тақвият шудааст.

Ин кишварҳо бо ҳам дар эҷоди Осиёи миёна ба унвони минтақаи босубот,озод ва дорои тавсиъаи пойдор кумак кардаанд.

Минтақаи Осиёи миёна дар ҷаҳон рӯ ба рушд аст ва алоқамандии кишварҳои матраҳ ва муасисоти моллии байналмилаллӣ дар ҳимоят аз ибтикори амалҳои муштараки кишварҳои минтақа дар ҳоли афзоиш аст.