Вокуниши Русия ба иддаои расонаҳои амрикоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54897-Вокуниши_Русия_ба_иддаои_расонаҳои_амрикоӣ
Сафорати Русия дар Вашингтон ба иддаои расонаҳои амрикоӣ дар бораи Афғонистон ва Русия вокуниш нишон дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 27, 2020 14:17 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Русия ба иддаои расонаҳои амрикоӣ

Сафорати Русия дар Вашингтон ба иддаои расонаҳои амрикоӣ дар бораи Афғонистон ва Русия вокуниш нишон дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТАСС, сафорати Русия дар Вашингтон дар вокуниш ба интишори иттилооти ғалат дар бораи Афғонистон ва Русия дар расонаҳои амрикоӣ эълом кард, ки ин достонсароиҳо ва иттилооти беасос, ҷони дипломатҳои рус дар Вашингтонро дар маърази хатар ва ҳадафи таҳдидҳои мустақим қарор додааст.

Сафорати Русия дар Вашингтон дар твитте гузориши рӯзномаи Нию-Йорк Таймз дар бораи муаррифии Маскав ба унвони мағзи мутафаккири пушти пардаи куштани низомиёни амрикоии дар Афғонистонро иттиҳомоти беосос аз манбаъҳои ношинос эълом кард.

Рӯзномаи Нию-Йорк Таймз рӯзи ҷумъа дар гузорише муддаӣ шуд як воҳиди ношиноси иттилоотии артиши Русия гурӯҳи Толибонро барои куштани неруҳои амрикоӣ ва неруҳои эътилофи байналмиллалии таҳти фармондеҳии Амрико дар Афғонистон барангехтааст.

Бино бар эъломи сафорати Русия дар Вашингтон, нависандагони ин мақола ошкоро дар бораи ҳамкории Маскав ва Вашингтон дар иртибот бо раванди сулҳи Афғонистон беиттилоъ будаанд.