Июн 28, 2020 18:48 Asia/Dushanbe
  • Тадоруки артиши Мянмар барои ҳамла ба мусалмонон

Тадорукоти артиши Мянмар барои иҷрои амалиёти ҷадид дар иёлати мусалмоннишини Роҳингя, сабаби оворагии ҳазорон нафар аз сокинони ин минтақа шудааст.

Ба гузориши ИСНА, давлати Мянмар рӯзи якшанбе бо тасдиқи амалиёти артиши ин кишвар ба манотиқи мусалмоннишини иёлати мусалмоннишини Роҳингя, муддаӣ шуд, ин амалиёт бо ҳадафи саркӯби шибҳи низомиён оғоз шудааст.

Ба гуфтаи Мин Тон, вазири амният ва марзбонии иёлати мусалмоннишини Роҳингя, ин амалиёт мумкин аст то як ҳафта тӯл бикашад ва ба ҳар касе, ки дар минтақа боқӣ монда бошад, ба унвони ҳадаф нигоҳ хоҳад шуд.

Аз 25 августи 2017 дар ҳамалоти артиши Мянмар ва буддоиёни ифротӣ ба мусалмонони роҳингяӣ дар иёлатҳои Роҳингя, беш аз 6 000 мусалмон кушта ва 1 миллион нафар низ ба Бангладеш овора шудаанд.