Мӯътаризон ба нажодпарастӣ дар Амрико муҳокима мешаванд
(last modified 2020-06-28T14:26:41+00:00 )
Июн 28, 2020 19:26 Asia/Dushanbe
  • Мӯътаризон ба нажодпарастӣ дар Амрико муҳокима мешаванд

Чаҳор мӯътариз дар Амрико ба иттиҳоми талош барои вожгунии намодҳои нажодпарастӣ ва тахриби дороии федералии ин кишвар муҳокима шуданд.

Бино ба Вазорати додгустарии Амрико, шикояти танзимшуда алайҳи ин афрод ҳокӣ аст, ки ин чаҳор нафар ба ҳамроҳи афроди ношиноси дигар ба муҷассамаи Эндрю Джексон, ҳафтумин раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида осеб зада ва дар садади ба зер кашондани муҷассама баромадаанд.

Майкл Шервин, додситони муваққати Амрико гуфт: Дафтари додситони Иёлоти Муттаҳида барои бахши Колумбия даст рӯи даст намегузорад ва иҷоза намедиҳад биноҳои миллии мо тахриб ва вайрон шавад.

Ҷунбиши ҷаҳонии нажодпарастӣ, ки дар паи қатли Джордж Флойд, шаҳрванди сиёҳпӯсти амрикоӣ ба дасти пулиси сафедпӯсти Иёлоти Муттаҳида ба роҳ афтод, илҳомбахши бузургтарин эътирозҳои зидди нажодпарастӣ дар саросари ҷаҳон буда ва мабоҳиси марбут ба мероси истеъморӣ ва тиҷорати бардаро зинда кардааст.

 

Барчасп