Таъйиди доруи "Арлеивиер" барои табобати корона аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54971-Таъйиди_доруи_Арлеивиер_барои_табобати_корона_аз_ҷониби_Вазорати_тандурустии_Русия
Вазорати тандурустии Русия доруи дигаре ба номи "Арливир" барои дармони корона таъйид кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 29, 2020 21:22 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди доруи

Вазорати тандурустии Русия доруи дигаре ба номи "Арливир" барои дармони корона таъйид кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, гоми тиҷории ин дору "Арливир" аст ва номи байналмилалии ғайриихтисосии он "Фавипиравир" мебошад. Ин дору тавассути ширкати Фрумид бар асоси "Фавипиравир" тавлид мешавад.

Ямири Пушкар, сардори шӯъбаи пульмонологияи Вазорати тандурустии Русия дирӯз гуфт, ки доруи "Арлевиер" моҳи июн ба бозори Русия ворид хоҳад шуд. Пеш аз ин низ ин дору барои дармони табобати Эбола истифода мешуд.

Вай афзуд, ки истифода аз ин дору дармони корона беш аз як ҳафта тӯл намекашад.. 31 май Вазорати тандурустии Русия доруи Арлевиерро барои табобати коронавирус тасдиқ кард, ки он инчунин барои табобати Эбола истифода мешуд.