Дардисарсоз шудани твити ҷанҷолии Трамп барои Кохи Сафед
(last modified Wed, 01 Jul 2020 14:52:14 GMT )
Июл 01, 2020 19:52 Asia/Dushanbe
  • Дардисарсоз шудани твити ҷанҷолии Трамп барои Кохи Сафед

Твити ҷанҷолии Трамп, ки барои Кохи Сафед дардисарсоз шуд.

Бинобар гуфтаи ду тан аз мақомҳои Кохи Сафед, як видеои ҷанҷолие, ки дар Твиттери Трамп бознашр дода шуда буд, ба далели ҳузури Трамп дар замини голф ва хомӯш будани телефони ҳамроҳаш ба муддати се соат дар ин сафҳа боқӣ монд ва барои Кохи Сафед дардисарсоз шуд.

Ин видеои ҷанҷолӣ барои се соат дар сафҳаи Твиттери Трамп  боқӣ монда буд, зеро коркунони Кохи Сафед ба воситаи он ки Трамп дар замини голфи худ дар Вирҷиния буда ва телефони ҳамроҳашро хомӯш карда буд, натавониста буданд ба ӯ дастрасӣ пайдо кунанд.

Эн Юи Си ҳамчунин гузориш дод, ки мушовирони Трамп низ муваффақ нашуда буданд бо Дан Скоино, муовини раиси Ситоди коркунони Кохи Сафед барои ҳазфи ин пост иртибот барқарор кунанд.

Дар ин видео яке аз тарафдорони Трамп дар посух ба касоне, ки ӯро нажодпараст мехонданд, бо мушти гиреҳкарда посух дод: “қудрати сафедпӯстон”.

Дар ин твит, ки дар ниҳоят ҳазф шуд, Трамп бо қадрдонӣ аз муътаризон, ки дар ин навори видеоӣ намоиш дода шуда буданд, гуфт: “мамнун мардуми бузурги Вилҷз”

Тим Скот, сенатори сиёҳпӯсти ҷумҳурихоҳ ин шиорро тавҳиномез тавсиф карда буд ва бознашри ин филм тавассути Трампро ғайриқобили дифоъ тавсиф карда буд ва хостори ҳазф он шуда буд.

Дар пайи ташдиди интиқодот аз ин иқдоми Трамп, Кейли МакИнени, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ ба шабакаи “Фокс анд фриендз” гуфт: “Раисҷумҳур он иборатро дар бахше аз видео нашнида буд ва вақте ба вай гуфта шуд, ки чунин иборате дар он вуҷуд дорад, паёмашро ҳазф кард”.