Июл 03, 2020 18:56 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Туркия дар СММ: Иморот дар Яман муртакиби ҷинояти ҷангӣ шудааст

Намояндаи доимии Туркия дар Созмони Милали Муттаҳид панҷшанбешаб зимни маҳкум кардани сиёсатҳои мухарриби Абузаби дар минтақаи Ғарби Осиё гуфт: Иморот дар Яман муртакиби ҷинояти ҷангӣ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Анатоли”, Фаридун Синирлиуғлу дар паёме ба Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои амният, бо ишора ба иқдомоти мухарриби Абудаби барои саркӯби ҷунбишҳои демократӣ ва талош барои тасаллут бар минтақа гуфт, Иморот боиси марги шумори бисёре дар Яман шудааст. Гурусна нигаҳ доштани яманиҳоро низ аз ҷурмҳои дигари Иморот донист.

Вай дар ин паём ҳамчунин ба мавзӯи муҳосираи ғайриқонунии Қатар тавассути Иморот ва муттаҳидонаш ва низ нақши ин кишвар дар бесубот кардани Либия ва Сомали ишора кард.

Вай дар поён аз Шӯрои амният хост то Иморотро ба далели таҳдиди сулҳ ва амнияти ҷаҳон дар баробари қавонини байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ посухгӯ нигаҳ дорад.

Иморот ва Арабистон бо ҳимояти Амрико ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст ки ин иқдом ба куштаву захмӣ шудани ҳазоҳо нафар ва овора шудани миллионҳои дигар мунҷар шудааст. Таҷовузи низомии Арабистон ва Иморот ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.

 

Барчасп