Барномаи Русия барои истиқрори сомонаи фазоии ҳушдори ҳамлаи мушакӣ
(last modified Fri, 03 Jul 2020 15:02:12 GMT )
Июл 03, 2020 20:02 Asia/Dushanbe
  •  Барномаи Русия барои истиқрори сомонаи фазоии ҳушдори ҳамлаи мушакӣ

Русия то соли 2022 сомонаи фазоии ҳушдори ҳамлаи мушакиро мустақар мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Вазорати дифои Русия бо эъломи ин ки таҷҳизи сомонаи фазоии ҳушдори ҳамлаи мушакӣ ба радарҳои насли ҷадид дар ҳоли пайгирӣ ва такмил аст, афзуд: Ин навсозӣ пас аз роҳандозии сомонаҳои радарии модерн дар наздики шаҳри Воркута дар соли 2021 ва Мурманск дар соли 2022 амалӣ мешавад.

Бар ин асос, бо насби ин истгоҳҳои радарӣ, таҷҳизоти ҷадиди сомонаи ҳушдори ҳамлаи мушакӣ бо радарҳои насли ҷадид такмил мешавад.

Вазорати дифои Русия ҳамчунин эълом кард, ин кишвар дар солҳои 2022 ва 2023 ду моҳвораи иртибототи низомӣ ва иттилоотии ҷадид дар фазо мустақар хоҳад кард.