Июл 03, 2020 21:10 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди мамнуияти вуруди атбои хориҷӣ ба Русия то аввали август

Ширкати ҳавопаймоии кишварии Русия аз тамдиди мамнуияти вуруди атбои хориҷӣ ба Русия то аввали августи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати ҳамлу нақли Русия, ин маҳдудият ба далели густариши вируси корона тамдид шуда ва то аввали моҳи августи соли ҷорӣ барқарор хоҳад буд.

Ин дар ҳоле аст, ки даҳҳо ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик мунтазири азсаргирии парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон буданд то дар фасли тобистон барои кор ба Русия сафар кунанд.

Бо ин тасмим заминаи вуруди атбои корҷӯи тоҷик ба Русия маҳдуд хоҳад шуд ва аз моҳи сентябр фасли сармо дар ин кишвар оғоз мешавад, ки дигар рафтан барои кор ба Русия маънӣ надорад.

Вазорати ҳамлунақли Русия низ эълом кардааст, ки дар бораи азсаргирии парвозҳои хориҷӣ, азҷумла ба мақсади Тоҷикистон ҳанӯз тасмиме гирифта нашудааст.

Парвози ҳавопаймоҳо миёни Русия ва Тоҷикистон ба далели густариши вируси корона аз 20 марти соли ҷорӣ мутаваққиф шуд ва ду кишвар барои хориҷ кардани атбои худ чанд парвози чартерӣ анҷом доданд.

 

 

Барчасп