Ҳамкории транзитӣ, меҳвари ройзании руасои Туркманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Афғонистон
(last modified Sat, 04 Jul 2020 04:26:57 GMT )
Июл 04, 2020 09:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории транзитӣ, меҳвари ройзании руасои Туркманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Афғонистон

Давлати Туркманистон аз баргузории нишсти видеоии сеҷониба бо ҳузури мақомоти кишварҳои Туркманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Афғонистон бо мавзӯи лоиҳаи «Lapis Lazuli» хабар дод.

Руасои Туркманистон, Афғонистон ва Озарбойҷон аз тариқи видеоконфронс масоили иҷроии лоиҳаи  «Lapis Lazuli», коридори транзитии байналмилалиро баррасӣ карданд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисҷумҳури Туркманистон дар ин нишаст гуфт:

Се кишвар дар масирҳои ҳамлу нақли АвруОсиё қарор доранд ва  ин кишварҳо бо Осиёи ҷанубӣ, Уқёнуси Ором аз тариқи Чин, Дарёи Сиёҳ, Дарёи Медитарона, аз тариқи Эрон бо Ховари Миёна ва аз тариқи Русия бо Дарёи Балтика иртибот доранд.

Шоёни зикр аст, ки тарҳи  «Lapis Lazuli» барномаи эҷоди коридори транзитии байналмилалӣ бо ҳузури Афғонистон, Туркия, Туркманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон аст, ки дар соли 2012 муаррифӣ шудааст.