Июл 05, 2020 16:59 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз иқдоми ҷадиди Британия алайҳи Венесуэла

Вазорати умури хориҷаи Русия ҳукми додгоҳи Британияро дар бораи дастрасии саркардаи мухолифони давлати Венесуэла ба захираҳои тиллои ин кишвар хатарнок хонд.

Ба гузориши ИРНА, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт: Бадеҳӣ аст, ки дар Британия қозиёни мустақил танҳо замоне кор мекунанд, ки мавзеи онҳо бо дидгоҳи давлати ин кишвар ҳамоҳанг бошад ва додгоҳи Британия замоне, ки маслиҳати сиёсӣ матраҳ мешавад, сукут мекунад.

Додгоҳи олии Британия рӯзи панҷшанбе бо судури ҳукме ҷанҷолӣ дар бораи додхости Бонки марказии Венесуэла барои истирдоди 800 миллион понд аз тиллои мутааллиқ ба худ, Хуан Гуайдо, саркардаи мухолифони давлати қоонуниро ба унвони раисҷумҳури Венесуэла ва соҳиби ин андӯхта муаррифӣ кард.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия тасреҳ кард: Ин гуна иқдомоти нигаронкунанда, дурнамои инсиҷоми мавозеи ҷомеаи ҷаҳониро ба нафъи ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ бо мушорикати тарафҳои венесуэлагӣ ва бидуни мудохилаи хориҷӣ махдуш мекунад.

 

Барчасп