Июл 06, 2020 13:51 Asia/Dushanbe
  • Хашми Амрико аз Чин ба далели тасвиби қонуни амнияти миллии Гонконг

Тасвиби қонуни амнияти миллии Гонконг дар Чин хашми Амрикоро барангехтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, сарконсули Амрико дар Гонконг рӯзи душанбе иқдоми Чинро дар тасвиби қонуни амнияти миллии Гонконг "тражедӣ" хонд ва эълом кард: Вашингтон ҳар коре битавонад алайҳи ин қонун анҷом хоҳад дод.

Ҳанском Смит- сарконсули Амрико дар Гонконг иддао кард ин қонун озодиҳои асосии Гонконгро поймол мекунад.

Ин изҳороти дипломати амрикоӣ дар ҳоле аст, ки мақомоти Чин борҳо ба Амрико ва Англис дар бораи мудохила дар умури Гонконг ҳушдор дода ва таъкид кардаанд ин минтақа мустақиман таҳти контроли давлати марказӣ идора мешавад ва ҳеҷ кишвари хориҷие ҳақи дахолат дар мавзӯъҳои марбут ба онро надорад.

Гонконг аз соли 1842 то 1997 зери сайтараи Британия буд, аммо дар соли 1997 ба сарзамини аслии Чин пайваст.

Гонконг ҳафт миллиону 230 ҳазор нафар ҷамъият дорад ва яке аз муҳимтарин бозорҳои молӣ ва тиҷории Осиё ба шумор меравад.