Июл 06, 2020 14:06 Asia/Dushanbe
  • Оҳангсози нобиғаи италиявӣ даргузашт

Холиқи мусиқии мондагори филмҳои вестерн дар 91 солагӣ даргузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Рейтерз, Эннио Морриконе- оҳангсози машҳури италиявӣ, ғолиби ду ҷоизаи Оскар ва холиқи мусиқии филмҳои шинохташудае ҳамчун “Хуб, бад, зишт”, “Ба хотири як мушт доллар” ва “Синамо парадайзо” дар 91 солагӣ даргузашт.

Ба навиштаи расонаҳои италиявӣ, Морриконе чанд рӯз пеш дучори шикастагии устухони рони по шуда буд ва шашуми июл дар як клиник дар Рим даргузашт.

Ӯ дар соли 1928 дар шаҳри Рим мутаваллид шуд ва барои ҳудуди 400 филм оҳанг сохт.

Вай охирин Оскари худро дар соли 2016 ва барои сохти мусиқии филми “Ҳашт нафратангез” ба нависандагӣ ва коргардонии Квентин Тарантино дарёфт кард.

Морриконе даҳҳо ҷоизаи Граммӣ ва "Golden Globe"-ро низ дар корнома дорад.