Кремл: иддаои қасди Русия барои ҳамла ба Украина беасос аст
Сухангӯи Кремл иддаои мақоми низомии Украинаро дар бораи нақшаи Маскав барои ҳамла ба ҷануби ин кишвар бо мақсади таъмини об ба Қрим, онро беасос ва аҳмақона хонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз хабаргузории Новости, Дмитрий Песков сухангӯӣ Кремл гуфт : « Чунин иддао мутлақан аҳмақона асту танҳо гӯёӣ шиддат ёфтани беш аз ҳади тамоюлоти зидди русӣ дар Украина аст, ки мутаасифона ба ҳеч ваҷҳ ба ҳаллу фасли авзоъ дар манотиқи ҷануби шарқи ин кишвар кӯмак намекунад.»
Песков афзуд : «Муддатҳо аст Маскав мунтазири иҷрои тавофуқҳои Минск аз ҷониби Украина аст ки то кунун иҷро нашудааст.»
Алексия Нежпапа фармондиҳи нерӯи дарёии Украини рӯзи якшанбе муддаӣ шуд Русия дар садади ҳамла ба минтақае аз Украина асту новгони дарёии ин кишвар , худро барои як даргирии Низомии тамоми айёр бо Русия омода карда аст .
Ин дар ҳоле аст, ки сипаҳбуд Сергей Ноев фармондиҳи кули нерӯҳои муттаҳиди мусаллаҳи Украина дар мусоҳибаи телевизиюнӣ эълом кард нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар ҳоли ҳозир таҳдиди ҳамла аз ҷониб Рӯсия намебинанд .
Тақрибан ду сол пеш, Украина канали Северокримскро дар дарёи Днепр то Қрим бастааст ва ба ворид шудани об ба нимҷазираи Қрим монеъ шудааст..
Ин иқдоми Киев боиси камбуди шадиди об дар минтақа Қрим шудааст .